
Имрӯз аз соати 8:00-и субҳ то бегоҳ ба аҳолӣ хизмати ройгони тиббӣ расонида мешавад. Чунин хизматрасонии тиббӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе, бахусус Маркази тиббии шаҳрии №1-и пойтахт ҷараён дорад. Сокинони пойтахт имконият дорнад, ки ройгон аз муоинаи тиббӣ гузашта, инчунин аз ҷониби устодони муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии тиббӣ машварати тахасусӣ гиранд. Дар ин бра хабрнигори радиои «Овози тоҷик» Маҳинбонуи Мирзо хабар дод.
Хизматрасонии тиббӣ инчунин дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар доир карда шуда, аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар амалҳои ташхисӣ ба таври ройгон анҷом дода мешаванд. Ҳамзамон устодони муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ суҳбату машварати тахассусӣ мегузаронанд.
Бояд гуфт, ки хизматрасонии ройгони тиббӣ дар кишвар ба Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ бахшида шудааст.