Ба иттилои манбаъ, иншооти мазкур ба истиқболи 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили рости дарёи Сир, кўчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Абўалӣ Исматов бунёд карда мешавад. Лоиҳакаши иншоот «Бунёдгари Суғдзамин» буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Авитсенна” ба анҷом расонида мешавад.
Раҷаббой Аҳмадзода ташкили чунин иншооти сайёҳӣ ва хизматрасониро ба манифати умум ва заминаи муосид барои ташкили ҷойҳои нави корӣ арзёбӣ намуд.
Ба сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи ватанӣ дастуру супоришҳо дода шуд.