Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди 25 ҳазор туркман зиндагӣ доранд. Зиёда аз 18 142 нафари онҳо дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон умр ба сар мебаранд.
Каримзода Нусратулло Раҳмат, Сардори шуъбаи омори ноҳияи Дӯстӣ ҳангоми суҳбат бо Мирсаид Сатториён, мухбири радиои “Овози тоҷик” иброз дошт, ки аз 56 деҳаи ноҳия дар 10 деҳа, аз ҷумла деҳаҳои Панҷрӯд, Гулафшон, Меҳргон, Чаманистон, Гулрезу Ғалабаи Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл; Яккатол, Деҳқонобод, Панҷтут, Сомониён ва Роҳи нави Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод; Туркменобод, Лаби дарё ва Қаҳрамони Ҷамоати деҳоти Г. Гулмуродов пурра туркманҳо муқимиянд.
Ба иттилои номбурда фаъолияти туркманҳои муқими ноҳия дар соҳаҳои гуногун назаррас буда, 16 нафари онҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ, 316 нафар дар самти тандурустӣ, 637 нафар ҳамчун роҳбари хоҷагии деҳқонӣ, 13 нафар духтури байтор, 14 нафар занбӯрпарвар, 6 нафар моҳипарвар ва 637 нафар ба ҳайси соҳибкор кор мекунанд.
“Дар ноҳия 7 мактаби туркманӣ фаъолият дорад, ки 3106 хонанда дар онҳо таҳсили илм дошта, 323 омӯзгор ба таълиму тарбияи толибилмон машғул мебошанд”, — гуфт Нусратулло Каримзода.