6 апрели соли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Шимлон ал-Баҳар мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт, зимни вохурӣ ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкории Фонди кувайтӣ бо Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо иштироки фаъоли онро дар татбиқи лоиҳаҳои муҳимми кишвар таъкид намуданд.