
Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Бюрои ёриҳои башарии USAID таҳти сарварии роҳбари минтақавии Осиёи Ҷанубӣ ва Марказии он мулоқот намуд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар дод.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои алоқаманд ба коҳиши хатари офатҳо ва таъсири офатҳои табиӣ ба бачаҳо, омодагии сокинони минтақаҳои осебпазир ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ, ҳамчунин масоили вобаста ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мавриди суҳбат қарор гирифт.
Роҳбарияти Кумита аз густариши ҳамкорӣ байни ду сохтор дар самти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода изҳори назар кард.
Зимни мулоқот меҳмонон бо фаъолияти Кумита доир ба ҳимояи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода шинос шуда, дар бораи тарҳи ҳамкории оянда суҳбат намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо таҳкими ҳамкорӣ дар самти коҳиши хатари офатҳо ва расонидани кумак ба аҳолии зарардида аз офатҳои табииро таъкид намуданд.