23 октябри соли 2026 дар шаҳри Батуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон иштирок кард.
Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ масъалаҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ, тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ, инчунин, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсия ва фарҳангию гуманитариро муҳокима намуданд.
Ҳамчунин, перомуни масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.



