22 октябри соли 2026 дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон суҳбати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарвазири Гурҷистон муҳтарам Ираклий Кобахидзе баргузор шуд.
Зимни суҳбат вазир таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба Сарвазири Гурҷистон расонид. Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди баъдии муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сарвазири Гурҷистон аз сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи июни соли ҷорӣ баргузор шуда буд, бо самимият ёдоварӣ карда, аҳамияти онро дар рушду таҳкими баъдии муносибатҳои дуҷониба таъкид намуд.



