Наздик ба 400 тонна ҳосили пиёзи барвақтии хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун аллакай ба бозор баромад. Арзиши онро ба 3 ва 3 сомону 50 дирам поин фароварданд. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Хатлон хабар дод.
Ба иттилоли манбаъ, соли ҷорӣ, кишоварзони ноҳия, дар майдони 3 ҳазору 400 гектар пиёзи барвақтии навъи тунис кишт карда, то имрӯз беш аз 20 гектари онро ҷамъоварӣ намуданд.
Ҳосили пиёз дар саҳро хуб буда, хоҷагидорон аз 1 гектар 400-450 сентнер ҳосил ба даст оварда истодаанд»,- омадааст дар хабар.
Ба гуфтаи масъулин нарху навои пиёз дар бозорҳои кишвар гарону талабот ба он бошад бештар гардидааст. Аз ин рӯ онҳо истеҳсоли ин намуди маҳсулоти кишоварзиро оғоз бахшидаанд, то тавонанд нархро низ дар бозорҳои мамлакат муътадил намоянд. Чун ҳамасола бо истеҳсол гардидани пиёз аз ин минтақа нарху наво низ дар бозор тағйир меёбад.