Густариши ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ, ҷалби маблағҳои грантӣ вобаста ба пешгирии таъсири омилҳои берунӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди кишвар ва дурнамои чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои миёнамуҳлат зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Ҳамоҳангсози Намояндагии СММ дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами баррасӣ шуд. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани мизи мудаввар оид ба муаррифии лоиҳаи Шарҳи ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.
Инчунин қайд гардид, ки Тоҷикистон дар қатори кишварҳои пешсаф оид ба ташаббусҳо дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим буда, дар минбаъда дастгирии лоиҳаҳои самти мазкур ва иқтисоди «сабз» муҳим мебошад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо қайд карданд, ки ҷиҳати мусоидат намудан ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида омода мебошанд.