Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XXI комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор мегардад. Дар он иштирокчиён масъалаҳои марбут ба ҷараёни иҷрои Протокол ва қарорҳои ҷаласаи XX комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, инчунин фаъолияти заминавии созмон дар самти рушди ҳамгироӣ ва робитаҳои корхонаҳо ва созмонҳои мудофиавии комплекси ҳарбию саноатии давлатҳои аъзои ин созмон ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориро баррасӣ мекунанд. Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Бояд тазаккур дод, ки ҷаласаи XX комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ соли 2022 дар пойтахти Русия- шаҳри Москва баргузор гардида буд.