
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар маҷлиси асосии Намоишгоҳи байналмилалии «Иннопром», ки таҳти унвони «Лоиаҳои байналмилалии саноатӣ дар Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, иштирок намуд.
Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳарии Тоҷикистон дар Узбекистон, Ҷумҳурии Тоҷҷикистонро дар Намоишгоҳи мазкур муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Исоҷон намояндагӣ намуд.
Дар доираи ин чорабинӣ намоиши дастовардҳои Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои шарик дар соҳаи саноат ба маърази тамошо гузошта шуд. Инчунин миёни соҳибкорон мулоқот доир шуда, қарордодҳои тиҷоратӣ ба имзо расиданд.