Дар вилояти Думёт сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ аз чанд корхонаи бузурги саноатии ин минтақа дидан кард.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар корхонаҳои мебелсозӣ ва маҳсулоти панирӣ масоили вобаста ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аз ҷумла роҳандозии робитаҳои мустақим бо корхонаҳои ин самтҳо баррасӣ шуд.