Ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ дар ҳошияи ҳадафи чоруми ҷумҳурӣ «Саноатикунонии босуръати мамлакат» 47-коргоҳу корхонаҳои саноатиро ба нақша гирифта, дар соли ҷорӣ 8-адад корхонаи воридотивазкунандаро сохта мавриди истифода қарор додааст. Шумораи корхонаҳои саноатию истеҳсолии ноҳия ба 70 адад расид. Дар ин бора Сафарзода Нусратулло мудири бахши саноат дар ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ба хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Абдуфаттоҳи Абдурауф хабар дод.
Ба зикри номбурда дар соли ҷорӣ аз ҷониби корхонаҳои ноҳия ба миқдори 231 млн 995 ҳазор сомони маҳсулоти гуногун истеҳсол шудааст, ки нисбати соли қаблӣ 80-млн 595-ҳазор сомонӣ бештар мебошад.
“Коргоҳҳое, ки соли равон ба истифода дода шуданд, ба истеҳсоли маҳсулоти орд, асал, гушти парранда, намак, шарбатбарорӣ ва коркарди собун машғул мебошанд”,- гуфт Сафарзода Нусратулло.
Инчунин дар ноҳия корхонаҳои дигаре низ фаъолият дорад, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгу буда, ба хориҷ содирот карда мешаванд.