
Президентҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино аз ҷараёни корҳои сохтмонии маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дидан карданд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, дар километри 40-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бунёд шуда, ҳамчун макони тамринии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Маркази техникии ФФТ аз меҳмонхона, маркази тиббӣ, майдонҳои тамринӣ бо сабзаи табиӣ ва сунъӣ, майдони футзали болопӯшида ва ғайра иборат аст.
Дар маркази техникии бунёдшаванда президенти ФИФА Ҷанни Инфантино бо бозигарону мураббиёни дастаи миллии Тоҷикистон ва кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқот кард.
Ба президенти ФИФА пироҳани дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон таҳти рақами 9 туҳфа гардид.