12 май мулоқоти дуҷонибаи директори Хадамоти федеролии иҷрочиёни суди Федератсияи Русия Дмитрий Аристов бо Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дар ҳошияи Форуми 11-уми байналмилалии ҳуқуқшиносон баргузор гардид. Дар ин бора ба радиои «Овози тоҷик» аз Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти мулоқот, дурнамо ва муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду мақомот, аз қабили тақвияти ҷараёни ба имзо расонидани «Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федеролии иҷрочиёни суди Федератсияи Русия дар самти истеҳсолоти иҷро» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, машварат намуда, тарафҳо баҳри густариш ёфтани ҳамкории байниидоравӣ дар доираи ин санади ҳамкории муштарак ба мувофиқа расиданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо омодагии ҳамешагии худро барои рушди ҳамкории судманд дар самти иҷрои истеҳсолот изҳор намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки 11-13 май дар Санкт-Петербург Форуми 11-уми байналмилалии ҳуқуқшиносон баргузор шуд, ки дар он ҳайати Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Форуми мазкур дар мавзуи «Фаъолияти касбии ситонандагон» аз ҷониби Вазорати адлияи Федератсияи Русия якҷо бо Фонди «Росконгресс» баргузор гардида, дар он ҷаласаи мубоҳисавӣ аз ҷониби Хадамоти федеролии иҷрочиёни суди Федератсияи Русия бо иштироки роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурӣ баргузор шуд, ки ба фаъолияти ҳаррӯзаи иҷрочиён вобастагӣ дошт.
Тайи солҳои охир форум ба макони махсус барои муҳокимаи масъалаҳои мубрами рушди институти истеҳсолоти иҷро ва иҷрои иҷборӣ табдил ёфта, мақсади асосии он таҷдид ва ҳамоҳангсозии низомҳои истеҳсолоти иҷрои давлатҳо мебошад.
Иштироккунандагон дар форум бо таҷрибаи татбиқи ҳуқуқи дигар давлатҳо шинос шуда, оид ба низоми гуногуни истеҳсолоти иҷро ва мақсаднокии ҷорӣ намудани чораҳои нави таъсиррасонӣ ба қарздор, инчунин таҳлил ва арзёбии самараноки механизмҳои дар ин соҳа амалигардида мубодилаи афкор намуданд.
Дар баробари ин бо иштироки муовини котиби Шӯрои амнияти миллии Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ҷаласаи пленарӣ дар мавзуи «Истиқлолият дар ҳуқуқ» доир гардид.



