Ҳайати вилояти Хатлон субҳи 15 май таҳти роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид вориди вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон гардид.
Раисони қисме аз шаҳру навоҳии вилоят ва намояндагони доираҳои тиҷоратии Хатлон шомили ҳайати мазкурро ҳамроҳи менамоянд. Дар ин бора аз дафтари матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Муовинони устондори Хуросони Разавӣ Муҳандис Чамандӣ ва Таботабоӣ, раисони иттиҳодияҳои корофаринони ин вилоят дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Машҳад ҳайати вилояти Хатлонро истиқбол гирифтанд.
Ҳадаф аз ин сафар тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноату кишоварзӣ, фарҳангиву сайёҳӣ, табодули таҷриба ва рушди ҳамкориҳо миёни бахшҳои хусусиву давлатӣ, роҳандозии робитаҳои мустақими минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва шаҳракҳои саноатии вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Хуросони Разавии Ҷумҳурии исломии Эрон арзёбӣ мешавад.
Дар доираи ин сафар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарияти устони Хуросони Разавӣ, боздид аз шаҳракҳои саноатӣ ва маконҳои кишоварзии Тӯс, Нишопур ва Сарахс, инчунин баргузории форуми тиҷоратию иқтисодии вилоятҳои Хатлону Хуросони Разавӣ ва гуфтугӯҳои инфиродии ширкатҳои тиҷоратии ҳар ду тараф дар шаҳри Машҳад пешбинӣ шудааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки соли гузашта, яъне 30 майи соли 2022, дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ ба имзо расида буд.



