12 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуруҳи соҳибкорони вилояти Челябински Федератсияи Россияро, ки ба вилояти Суғд ташриф овард буданд, бо роҳбарии муовини губернатори вилояти Челябинск Сергей Сушков ва президенти Палатаи савдо ва саноати минтақаи Урали ҷанубӣ Фёдр Дегтярёв ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз дафтари матбуотии Раиси вилояти Суғд ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Масъулини мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони вилояти Челябински Федератсияи Россия тақвияти ҳамкориҳо ҳадаф қарор дода, дар доираи ин сафар бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ва хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос мешаванд.
Раиси вилоят дар рафти суҳбат иброз дошт, ки Тоҷикистону Россия шарикони стратегӣ буда, бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ҳамкории миёни минтақаҳои ду мамлакат беҳтар гардида истодааст. Соли 2022 мубодилаи молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва вилоятҳои Федератсияи Россия 616,6 миллион долларро ташкил дода, доираҳои соҳибкории ду тараф дар асоси созишномаҳои давлатӣ ҳамкории самранок доранд. Дар вилояти Суғд бо ҷалби сармоя аз Федератсияи Россия якчанд корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, дар оянда низ дар назар аст, ки тарҳҳои нави муштарак амалӣ карда шавад.
Раҷаббой Аҳмадзода ба соҳибкорони рус доир ба вазъи кунунии соҳаи саноат, иқтидорҳои истеҳсолӣ, соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тару тоза, бунёди гармхонаҳои муосир, боғу токзори нав, азхудкунии заминҳо маълумот дода, илова намуд, ки вилояти Суғд барои ташкили корхонаҳои муштарак омода аст.
Сергей Сушков муовини губернатори вилояти Челябинск ҳадаф аз сафари гуруҳи соҳибкоронро вусъати ҳамкории дуҷониба арзёбӣ карда, қайд намуд, ки беш аз 20 нафар соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ба Суғд омадаанд. Ӯ аз муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Федератсияи Россия ёдовар шуда, таъкид кард, ки давоми се рӯз бо фаъолияти корхонаҳои саноатии вилояти Суғд шинос мешаванд ва бо соҳибкорони тоҷик мулоқот намуда, барои таҳкими муносиботи иқтисодӣ аз имкониятҳо истифода менамоянд.
Ёдовар бояд шуд, ки соҳибкорони вилояти Челябинск аз корхонаву ширкатҳои «ММК Агро», «Боғи миллии Ваҳдат», Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», ҶДММ «Норд Азия метал», ҶДММ «Суғдпак», ҶДММ «Тоҷфилиз», КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», ҶСП «Оби зулол», мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Шаҳристон ва Бобоҷон Ғафуров боздид менамоянд.



