Дар шаҳри Душанбе 12-уми майи соли 2023 машваратҳои навбатии сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса баргузор шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Зимни машваратҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунии ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангии ҳар ду кишвар баррасӣ гардиданд.
Тарафҳо густариши робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратиро зарур шумурда, баҳри вусъати ҳамкориҳо бахусус дар бахшҳои гидроэнергетика ва тавлиди энергия аз дигар сарчашмаҳо, авиатсия, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси шаҳрҳои ҳушманд, инчунин мубодилаи академӣ ва пажӯҳишӣ омодагӣ иброз намуданд.



