13 уми марти соли равон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо муовини вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ ва раиси Созмони омӯзиши техникӣ ва касбии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломҳусейн Ҳусейниниё ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ мулоқот анҷом дод. Дар он вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат, ҷонибҳо аснои вохӯрӣ оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор, омӯзиши касбӣ ва техникӣ табодули назар намуданд.
Тасдиқ гардид, ки имкониятҳо барои тақвияти ҳамкориҳои мутақобила зиёданд ва мақомоти марбутаи ду давлатро зарур аст, ки корҳои нақшавиро бо мақсади боз ҳам тавсеа додани робитаҳо ва расидан ба марҳилаҳои нави ҳамкорӣ амалӣ намоянд. Таъкид шуд, ки ба омӯзиши касбҳои техникӣ фаро гирифтани аҳолӣ ба рақобатпазирии қувваи корӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар бозори меҳнати хориҷи кишвар мусоидат намуда, ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар ин самт ба мувофиқа расиданд.