22 майи соли 2023 дар доираи сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Риёз бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ, форум таҳти унвони “Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Мақсад аз ҳамоиши мазкур муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат ва таҳкими ҳамкориҳо байни ниҳодҳои расмӣ ва бахшҳои хусусии ду кишвар дар самти сайёҳӣ фаъолияткунанда ва ҷалби сайёҳон ва сармоягузорони Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.