Дар Душанбе зимни мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбарии Вазири маъданҳои кӯҳӣ ва геологияи Ҷумҳурии Узбекистон Бобир Исломов доир ба раванди иҷрои мувофиқаҳои ҳосилшуда байни Роҳбарони олии Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи саноат, энергетика, геология, логистика ва содирот баррасӣ шуд. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо тибқи натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, ки 12 майи соли равон дар Тошканд доир гардид, аҳамияти амалишавии лоиҳаҳои муштаракро таъкид карданд.
Ҳамчунин натиҷаи сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Узбекистонро ба минтақаҳои саноатию энергетикӣ ва таърихии шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ, ки 22-23 май доир шуд, баррасӣ намуданд.
Дар натиҷа ва ҷараёни мулоқот ҷонибҳо барои ба роҳ мондани иқдоми мушаххас санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.