Санаи 5 июни соли 2023 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ оид ба Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором хонум Армида Салсиаҳ Алишаҳбана баргузор гашт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо шароити кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Комиссия, инчунин мавзуоти марбут ба амнияти озуқаворӣ, нақлиёт, иқтисоди сабз, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, обу иқлим, бахусус ташаббуси ҷадиди Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, масоили таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, таъкид гардид.