
Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид СММ оид ба Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором хонум Армида Салсиаҳ Алишаҳбана ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, аз Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор боздид намуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Роҳбарияти шаҳр меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр, назди лавҳаи монументалии рамзии «Водии зарнисор» ва дар остонаи Арки Қалъаи Ҳисор тибқи анъанаи аҷдодӣ бо нону ширинӣ истиқбол гирифтанд.
Меҳмонон аз Арк, Аскархона, Амфитеатр, Қасри Ҳоким, дӯконҳои ҳунармандӣ ва растаҳои фурӯши армуғонҳо дидан намуданд.
Дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳр ба меҳмонон роҳбалад роҳнамоӣ намуда, оид ба таърихи сеҳазорсолаи Ҳисори шодмон мухтасар маълумот доданд. Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ оид ба Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором хонум Армида Салсиаҳ Алишаҳбана ҳамзамон аз боғи зимистонаи «Шаршара» боздид намуд.