Аз 10 то 13 июли соли 2023 дар Екатеринбург Намоишгоҳи байналмилалии саноатии ИННОПРОМ-2023 баргузор мешавад, ки дар он беш аз 700 ширкат аз тамоми ҷаҳон аз кишварҳои СҲШ иштирок мекунанд. Дар ин бора намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тимур Ёрибек зимни мусоҳиба бо хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Тахмина Амониён хабар дод. Вай афзуд, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ дар ин намоишгоҳ беш аз 12 навъи металҳоро ба намоиш мегузорад.
Номбурда қайд кард, ки ин чорабинӣ заминаи хубе барои дарёфти шарикони нав мебошад. Вай афзуд, ин чорабинӣ фурсати хеле муносиб барои мо маҳсуб мешавад, ки кишвари мо метавонад дастовардҳои худро муаррифӣ кунад.
Тибқи андешаи мусоҳиб ҳадаф аз баргузории ҷаласаҳо ва мубоҳисаҳои мавзӯӣ густариши ҳамкориҳои саноатии Русия ва кишварҳои ЕАЭО ва СҲШ, муайян кардани нуқтаҳои нави рушди саноат, таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва тавсеаи ҳамкорӣ, муайян кардани мушкилоти асосӣ дар ин соҳаҳо ва таҳияи роҳҳои рушди онҳо мебошад.
Дар миёни баромадкунандаҳои даъватшуда, муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Суҳайл Хон, муовини вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия А.В. Груздев, намояндагони ва роҳбарони корхонаҳои пешқадами технологии Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошанд.