Бо мақсади афзоиш додани истеҳсол ва содироти маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ёвон корхонаи бузурги истеҳсоли масолеҳи сотхмонӣ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ сохта шуда, соли 2023 мавриди истифода қарор дода мешавад. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.
Зикр намуданд, ки корхона бо иқтидори 30 млн метр мураббаъ бунёд шуда, дар минтақа бузургтарин маҳсуб хоҳад ёфт. Маҳсулоти тайёрнамудаи он дар баробари таъмин намудани бозори дохилӣ, инчунин ба содирот нигаронида мешавад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки Президенти кишвар Вазорáти саноáт ва технологияҳóи нави Ҷумҳури́и Тоҷикистóн, Агентии содироти Тоҷикистон дар якҷоягӣ Саридораи геологияи Тоҷикистон вазифадор намуданд, ки дар ояндаи наздик коркарди маҳсулоти ороишӣ ва содироти онҳоро ба кишварҳои хориҷ ба роҳ монанд.