Дар кори машварати васеи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон Нураҳмад муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, муовинони раиси шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Дарвоз, раисони ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон, Рӯшон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб, сардорони идораю муассисаҳои дахлдори вилоятӣ, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони муассисаҳои дахлдори вилоятӣ иштирок намуданд.
Аз рӯйи масъалаи асосии машварат — ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нуҳ моҳи соли 2026 — муовини раиси ВМКБ Мусо Мирзозода маърӯза намуда, афзуданд, ки иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети вилоят дар нуҳ моҳи соли равон аз рӯйи даромадҳои худӣ ба андозаи 104,4 фоиз таъмин гардид. Ин нишондиҳанда дар қиёс бо андозҳои воқеан дар ҳамин давраи соли 2025 ҷамъоваригардида 119,8 фоиз зиёд мебошад.
Қайд гардид, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар нуҳ моҳи соли 2026 иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар сатҳи 102 фоиз таъмин гардида, дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2025 нишондиҳандаи ҷамъоварии андозҳо 114,7 фоиз зиёд мебошад.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ВМКБ ба 1 миллиарду 509 миллион сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,0 фоиз расонида шуд.
Ҳаҷми содирот низ нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 11,6 фоиз зиёд гардидааст. Ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 161,4 миллион сомонӣ-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Гуфта шуд, ки қисми хароҷотии буҷети маҳаллии вилоят дар нуҳ моҳи соли 2026, тибқи ҳисобот, ба андозаи 90,4 фоиз иҷро гардидааст.
Оид ба сари вақт пардохт намудани музди меҳнати кормандон, суғуртаи иҷтимоӣ, ҷубронпулиҳо, стипендия ва дигар пардохтҳои ба онҳо баробар чораҳои амалӣ андешида шуда, дар навбати аввал моддаҳои ҳимояшавандаи буҷетӣ маблағгузорӣ гардидаанд.
Муовини раиси вилоят дар ҷараёни маърӯза вобаста ба татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, тақвияти назорати бонкӣ, афзоиши ҳаҷми қарздиҳӣ ва ҷалби амонатҳо сухан намуда, иброз доштанд, ки дар ин давра аз ҷониби низоми бонкии вилоят ба маблағи 336,2 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33 фоиз зиёд мебошад.
Бақияи пасандозҳои аҳолӣ дар ин давра 658,3 миллион сомонӣ-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба андозаи 21 фоиз зиёд гардидааст. Гуфта шуд, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ шумораи умумии таҷҳизоти электронӣ ба 1 ҳазору 359 адад расидааст. Аз ин миқдор 35 фоиз ба муассисаҳои давлатӣ ва 65 фоиз ба нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ рост меояд.
Қайд гардид, ки дар вилоят 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 348,0 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодааст.
Ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар — зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,3 фоиз-ро ташкил додааст. Дар ҳудуди вилоят шумораи корхона ва коргоҳҳои саноатӣ аз 171 адад дар оғози соли ҳисоботӣ то 219 адад дар ҷамъбасти нуҳ моҳи соли 2026 расонида шуд.
Танҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 40 корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ бо таъсиси 153 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз ин шумора, 3 корхонаи саноатӣ бо иштироки Пешвои миллат ва 23 адад дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят ифтитоҳ ёфтанд.
Муовини раиси вилоят дар ҷараёни машварат оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёту алоқа, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, маориф ва илм, тандурустӣ ва кор бо занон, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳисобот дода, аз дастовардҳо ва баъзе мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти соҳаҳои мазкур дар шаҳру ноҳияҳо ёдовар шуданд.
Пас аз анҷоми маърӯза раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба масъалаҳои зикргардида ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки таъмини саривақтии пардохти андоз яке аз масъалаҳои асосӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҳисоб меравад. Зеро барзиёд иҷро гардидани нақшаи андозҳо василаи муҳими пешрафти ҳар як ноҳия мебошад.
Раисони ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб, инчунин муовинони раиси шаҳри Хоруғ ва раиси ноҳияи Дарвоз низ дар навбати худ вобаста ба дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат, нисбат ба шаҳру ноҳияҳо ёдоварӣ намуда, доир ба вазъи омодагии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати самаранок паси сар намудани фасли зимистон ба раиси вилоят ҳисобот пешниҳод карданд. Ҳамчунин, онҳо аз баъзе мушкилоти ҷойдошта дар шаҳру ноҳияҳо ёдовар шуданд.
Раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон Нураҳмад дар фарҷоми машварат оид ба таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид, ибрози андеша намуда, афзуданд, ки бо заҳмати шабонарӯзии мардуми сарбаланди Бадахшон ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ дар вилоят як қатор иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки ба рушди инфрасохтори вилоят таъсири мусбат расониданд.
Дар робита ба ин, раиси вилоят ба мардуми сарбаланди вилоят барои дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуданд. Раиси вилоят аз рушди бесобиқаи Бадахшон ёдовар шуда, қайд карданд, ки дар панҷ соли охир дар ҳудуди вилоят 1 ҳазору 800 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.
Дар ҷараёни суханронӣ раиси вилоят вобаста ба фаъолияти гармхонаҳои амалкунанда, ташкили гӯшаҳои деҳқонӣ, аҳамияти соҳаи кишоварзӣ дар пешбурди иқтисодиёти вилоят, беҳбуди ҳолати замин, зимистонгузаронӣ, фаъолияти соҳаи маориф, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон, риояи забони давлатӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти Ватан ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуданд.
Дар охир масъулин ҷиҳати пешбурди корҳои ҳаррӯза, бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти баъзе соҳаҳо ва тақвияти корҳои ободониву созандагӣ барои таъмини рушди босуботи ВМКБ дар солҳои минбаъда вазифадор карда шуданд.



