
То таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 82 корхонаи саноатӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, ки 32 адади он ба шаҳри Хоруғ рост меояд. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, соли равон дар шаҳри Хоруғ корхонаи коркарди санг- ҶДММ «Суман», фабрикаи пойафзолбарорӣ, корхонаҳои истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва нӯшокиҳои спиртӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ ва матбааи вилоятӣ, ки зиёда аз 100 нафар сокинони вилоят бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд, сохта, ба истифода дода мешаванд.
Бояд гуфт, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилоят Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ тадбирҳои зарурӣ андешида, соли 2023 ба тамоми корҳо вусъати тоза бахшида мешавад.