Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо cафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мануэл Микаллер баргузор гардид. Дар ин бора радиои»Овози тоҷик» дар истинод ба Вазорати молияи кишвар хабар медиҳад
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои иқтисоду савдо, рушди сармояи инсонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика, инчунин дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.