Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо даъвати муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов рӯзҳои 15-16 июли соли 2023 ба Туркманистон сафари расмӣ анҷом медиҳад. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Қарор аст, дар Ишқобод мулоқоти роҳбари мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов ва гуфтушунидҳои ӯ бо ҳамтояш Р.Мередов баргузор гардад.
Дар доираи сафар муҳокимаи масъалаҳои татбиқи созишномаҳое, ки моҳи майи соли 2023 дар натиҷаи сафари давлатии Роҳбари Туркманистон ба Тоҷикистон ба даст расидаанд, ба нақша гирифта шудааст.