Имрӯз Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов Аймират Гочмирадовро Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кард. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар истинод ба рӯзномаи «Нейтральный Туркменистан» хабар медиҳад
Дар фармони дахлдор ба ӯ рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухтор дода шуд. Аймират Гочмирадов дар ин вазифа Ҳемра Тогалаковро, ки то ҳол ин мансабро бар ӯҳда доши иваз намуд.
Мавриди зикр аст, ки сафири нав қаблан дар вазифаи Консули генералии Туркманистон дар Афғонистон фаъолият мекард.