
Дар Маскав Анҷумани байналмилалии фарҳангии кӯдакон аз 10 то 12 август баргузор мешавад, хабар медиҳад радиои”Овози тоҷик” ба нақл аз котиби давлатӣ — муовини вазири фарҳанги Федератсияи Русия Надежда Преподобная, ки рӯзи панҷшанбе дар Анҷумани байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург ба хабарнигорон гуфтааст .
Бори аввал дар охири моҳи августи соли 2022 Анҷумани байналмилалии фарҳангии кӯдакон дар Маскав баргузор шуд. Иштироккунандагони он бачагони Белоруссия, Осетияи Чанубй, Сербия, Точикистон, Узбекистон, Туркманистон, Мисру Абхозистон ва гайра буданд.
Мавриди зикр аст, ки соли гузашта як гурӯҳ таълимгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» дар Форуми якуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон, ки 24-28 август дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардида буд иштирок доштанд.