
Имрӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Туркманистон Хемра Тогалаковро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияташ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба радиои»Овози тоҷик» Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз дастовардҳои ду кишвар дар ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамчунин майли мутақобилаи тарафҳо барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Туркманистон, ки ҷавобгӯи манфиатҳои аслии ҳар ду давлатанд, таъкид гардид.
С.Муҳриддин ба Х. Тогалаков барои фаъолияти назаррас ва саҳми гузоштаи ӯ дар таҳкими ҳамкориҳои шарикии таъмиқи стратегии Тоҷикистону Туркманистон изҳори миннатдорӣ намуда, ба мавсуф дар фаъолияти минбаъдаи дипломатиаш муваффақиятҳо орзу кард.