Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи «Дастовардҳои селексионӣ оид ба такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва нақши он дар офаридани зоту типҳои нав» баргузор гардид. Дар ин бора Бахтовар Шарифӣ, хабарнигори радиои «Овози тоҷик» хабар медиҳад.
Дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ меҳмони олиқадр аз кишварҳои Покистон, Озарбойҷон, Русия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон ва Тоҷикистон ширкат намуданд. Зимни баргузории чорабинии мазкур зикр гардид, ки нақши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини соҳаи кишоварзии он дар роҳи такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва офаридани зоту навъҳои гуногуни он дар кишвар басо назаррас аст.
Ҳамчунин дар идома намояндагон ва сафирони кишварҳои хориҷӣ ба таври маҷозӣ суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ташаббускор дар тамоми самтҳо, бахусус дар самти кишоварзӣ аст.
Маврид ба зикр аст, ки идомаи конфронси мазкур фардо, 29 июл дар деҳаи Хоҷа Сангоки ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳия Варзоб дар назар аст.