Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 30 миллион доллар ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нерӯи барқ содирот кардааст. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Фурӯҳар Тоҳирӣ аз рафти нишасти матбӯотии Вазорати энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар нишасти мазкур вазири энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон , Далер Ҷумъа зимни ҳисоботи шашмоҳа аз фаъолияти вазорат иттилоъ дод, ки нерӯи барқ асосан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 684,5 млн. кВ соат ба маблағи 319,6 млн. сомонӣ ва ба Ҷумҳурии Ӯзбакистон 288 ,9 млн кВт. соат ба маблағи 62,9 млн. сомонӣ содирот карда шуд.
Тибқи иттилои вазир айни замон барои ба роҳ мондани неругоҳҳои барқи офтобӣ дар ҳудуди вилояти Суғд ҳамкориҳо бо Бонки Осиёгии Рушд ба роҳ монда шудааст. Дар доираи ин лоиҳа бунёди неругоҳи барқи офтобӣ ва бодӣ бо иқтидори умумии 100 Мвт дар назар гирифта шудааст.