«Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодии худро тавассути барномаҳои гуногун нисбат ба Афғонистон идома медиҳад, зеро мардуми одии Афгонистон ба кумаку дастгирӣ ниез доранд ва Тоыикистон ҳамчун кишвари ҳамсоя, ки имкони расонидани кумакҳои зиёд аз тариқи роҳу пулро дорад, мардуми онро дар ин рузҳои душвор дастгирӣ мекунад», Изҳор дошт раиси Маркази Тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон؟ Хайриддин Усмонзода зимни нишасти хабарӣ. Дар ин бора Зарангези Маҳмадуло хабарнигори радиои “Овози тоҷик” аз ҷараёни нишаст хабар медиҳад.
Ҳамчунин директори маркази мазкур зикр намуд, ки шумораи дидбонгоҳҳо дар марзи Афғонистон рӯ ба афзоиш мебошад ва феълан теъдоди онҳо бештар аз 100 дидбонгоҳ шудаааст ва назорати тақвияти сарҳад бо дастгирии кишварҳои ҳамкори Тоҷикистон идома дорад.