
Дар ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ идома дорад, ёдгории фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии Роҳҳои Абрешим: “Зарафшон-Қароқум” (ёдгориҳои Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро) ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Дар ин бора аз ВКХ хабар доданд.
Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи ЮНЕСКО аз 10 то 25 сентябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, ки дар он беш аз 40 кишвари дунё 50 ҷойномаҳои фарҳангиву табииро пешниҳод менамоянд.