Наздик ба 20 ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ИСЕСКО ворид гардиданд. Дар ин бора, Мирзошариф Абдусаломов, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО ва ИСЕСКО, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат бо хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Моҳираи Иброҳим иттилоъ дод.
Ба зикри Мирзошариф Абдусаломов, баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври расмӣ шинохта шудани он сиёсати байналхалқӣ ва самти тараққии давлат муайян гашт. Роҳбари давлати Тоҷикистон аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар омодагии ҳукумат ва давлатро ҷиҳати ҳамкорӣ, ҳамзистии осоишта ва густариши равобити илмиву фарҳангӣ бо тамоми мамолики ҷаҳон эълон дошт.
“Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон барқарор ва густариши равобити иқтисодиву фарҳангӣ бо мамолики араб ба ҳисоб меравад. Ҳамкории Тоҷикистон бо мамолики араб бештар баъди ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба Созмони ҳамкории исломӣ мебошад. Дар созмони мазкур зиёда аз 50 давлати мусулмоннишини Осиё, Африқо ва ҳамчунин Созмони озодихоҳи Фаластин шомил мебошад. Ин Созмон ба раванди ҳамгироии кишварҳои исломӣ ва ҳамкорӣ миёни онҳо нақши намоён дорад. Бо назардошти нуфузи ин Созмон Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият 1 декабри соли 1992 узви он гардид. Тоҷикистон мехоҳад, ки Созмони мазкур барои ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат кунад ва ба ин хотир омодааст бо кишварҳои узви СҲИ ҳамкории зич дошта бошад”,-зикр кард ӯ зимни суҳбат бо Моҳираи Иброҳим.
Бояд гуфт, ки Созмони исломии маориф, илм ва фарҳанг яке аз сохторҳои СҲИ мебошад, ки бо он Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд. Дар ҷаласаи 17-уми Кумитаи иҷроияи ИСЕСКО (моҳи декабри соли 1996) намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Иҷроияи ИСЕСКО интихоб шуд. Натиҷаи ҳамкориҳои зичи Тоҷикистон бо ИСЕСКО дар қитъаи Осиё эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ (соли 2010) мебошад, ки соли 2004 дар Конфронси 4-уми вазирони фарҳанги СКИ (Алҷазоир, 15-16 декабри соли 2004) қарор қабул шуд. Маросими шаҳри Душанберо эълон намудани Пойтахти фарҳанги исломӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар он маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг Абдулазиз Усмон Алтуайҷирӣ суханронӣ намуданд.
Тўли ин солҳо доир ба рўйдодҳои муҳимми давлатӣ, густариши равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамолики араб, имзо гаштани санадҳои гуногун ҷиҳати барқарор ва мустаҳкам кардани равобити дўстона (илмӣ, фарҳангӣ) дар матбуоти Точикистон матолиби фаровон ба чоп расидаанд. Ин буд, ки бо ибтикори Роҳбари Хукумати Тоҷикистон моҳи сентябри соли 1994 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии “Тоҷикистон ва ҷаҳони араб” баргузор шуд.
Ҳамчунин дар ин давра дар бораи нақши ходимони илму фарҳанги Тоҷикистон дар пажўҳиши илму фарҳанг ва адабиёти кишварҳои араб, тарҷумаи насру назми адибони араб, таъсири адабиёт ва фарҳанги кишварҳои араб ба эҷодиёти намояндагони адабиёти классики форсу тоҷик мақолаҳои зиёди илмиву оммавӣ ба нашр расидаанд. Дар ин ҷода метавон аз арабшиноси тоҷик доктори илмҳои филологӣ, профессор устод Саидраҳмон Сулаймонӣ махсус ёд кард. Нақши устод дар таҳкими ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону кишварҳои арабӣ, омӯзиш ва омӯзонидани забон, адабиёт ва фарҳангу тамаддуни араб хеле назаррас ва шоистаи таҳсин мебошад.
Омўзиши расму русум, мазҳабу фарҳанги кишварҳои араб ба роҳбарияти Тоҷикистон имкон дод то ба ҳаёти фарҳангию иҷтимоии худ баъзе тағиротҳои муҳимму арзишнок ворид созанд. Дар ин робита бо ибтикори Ҳукумати Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо барпо карда шуданд, аз ҷумла дар сатҳи умумимиллӣ баргузор намудани ҷашнҳои абармардони фарҳангу тамаддуни исломӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Абўҳомид Муҳаммади Ғазолӣ, Имом Бухорӣ; эҳёи ёдгориҳои таърихии Ҳулбук, Кўлобу Истаравшан, Панҷакенту Ҳисор, Рӯшону Мӯминобод ва ғайра; тарҷума ва нашри “Қуръон”-и маҷид ба забони тоҷикӣ ҳамчун ҳадя ба ҳар хонадон, нашри осори бузургони ҷаҳони ислом; соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон шудани соли 2009; ба таъминоти давлатӣ гузаронидани Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва таъсиси Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; оғози корҳо оид ба бунёди калонтарин масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Душанбе ва тадбирҳои дигар барои ҳифз ва густариши арзишҳои волои исломӣ, сарватҳои маънавии ниёгон дар кишвар. Ҳамчунин дар бораи сару либос, анъана, тую маъракаҳои мотамӣ ва ғайра қарорҳои муҳимми давлатӣ қабул шуданд; баргузории рӯзҳои фарҳангии кишварҳои арабӣ дар Тоҷикистон ва рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ. Ин иқдом пайваста сурат гирифта истодааст, ки барои рушди муносибатҳои фарҳангӣ кишварҳо мусоидат мекунад. Ин ҳама баёнгари сиёсати хирадмандона ва босуботи роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, густариши равобити дуҷонибаи Тоҷикистон бо мамолики олами араб, болоравии мақоми Тоҷикистон дар ҷаҳон, бахусус, эътибори он миёни кишварҳои араб арзёбӣ мешавад.
Бояд қайд намуд, ки то имрӯз Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои арабӣ махсусан бо Қатар, Саудӣ ва Фаластин як қатор санадҳои ҳамкории байналмиллалиро дар соҳаи фарҳанг ба имзо расонидаанд. Вазорати фарҳанг низ тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба имзо расида ҳамкории худро бо мамолики араб рӯз аз рӯз дар соҳаи фарҳанг беҳтару бештар карда истодааст.
Ишора кардан ба маврид аст, ки Созмони исломии илм, маориф ва фарҳанг ИСЕСКО дар назди худ Феҳристи мероси фарҳанги исломӣ дорад, ки дар он мероси таърихию фарҳангии мутааллиқ ба дини мубини Ислом шомил карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон кишвари дорои ёдгориҳои зиёди таърихию фарҳангии мутааллиқ ба дини Ислом дорад, ки бо санъати баланди меъморӣ сохта шудаанд. Дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай як қатор ёдгориҳои таърихию фарҳангии худро ки бештар масҷидҳои қадима ва ёдгориҳои меъморӣ мебошанд барои шомил намудан ба Феҳристи мероси фарҳанги исломии ИСЕСКО пешниҳод намудааст.
Қобили зикр аст, ки дар доираи ҳамкорӣ бо ИСЕСКО Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳҷўёнаро идома дода, бо эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти давлатҳои мамолики араб сиёсати хориҷии худро дар заминаи меъёрҳои байналхалқӣ солҳои минбаъда низ густаришу ривоҷ медиҳад. Махсусан Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории худро бо мамолики араб тибқи санадҳои ба тасвиб расида ба роҳ монда, ҳамкориро дар самт ҷоннок менамояд.
Аз идора: Шакли комили суҳбати ҳамкорамон Моҳираи Иброҳимро бо Мирзошариф Абдусаломов, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО ва ИСЕСКО, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг саннаи 11-уми июли соли 2022 (душанбе), соати 08:15 тариқи барномаи “Иртибот” аз бахши тоҷикии радиои “Овози тоҷик” рӯи мавҷи 105.5 FM бишнавед.