6 октябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллеро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар оғози суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаноби Мануэл Микаллерро ба муносибати Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданаш ва оғози рисолати дипломатии ӯ дар кишвар табрик намуданд.
Ҷонибҳо аз раванди густариши равобити дӯстона ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Зикр гардид, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қатори аввалинҳо истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намудааст.
Тайи беш аз сӣ соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳо муколамаҳои мунтазами роҳбарони ду давлат ва машваратҳои сиёсӣ дар қолабҳои гуногун барои тақвияти муносибатҳои дуҷониба мусоидат намудаанд.
Дар ин раванд, ҳамкории байнипарламентӣ ҷузъи муҳими муносибатҳои дуҷониба ба шумор рафта, ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри густариши минбаъдаи робитаҳои байнипарламентӣ изҳор намуданд.
Дар рафти мулоқот вазъи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳои мавриди манфиати тарафайн баррасӣ карда шуда, ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод, энергетика, равобити фарҳангию гуманитарӣ, бахусус сайёҳӣ, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо ҳамчунин масоили амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъ дар Афғонистонро баррасӣ намуданд.