Имрӯз дар идомаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Хан Чжэн мулоқот намуданд. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Чин барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ изҳори сипос намуда, муҳтарам Хан Чжэнро ба муносибати ба мақоми баланди муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб гардиданашон табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки рушди муносибатҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз афзалияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, Чин барои давлати мо шарики боэътимоди стратегӣ дар арсаи минтақавию байналмилалӣ мебошад.
Ҷонибҳо ба натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳои баланд дода, муҳиммияти рушди минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла татбиқи саривақтии созишномаҳои қаблии байни роҳбарони ду давлат мувофиқа ва тасдиқшударо таъкид намуданд.