Дар қисми дуюми рузи 13 октябр дар толори Институти таърих, археология ва этнография қисмати бостонии конфронси байналмиллалии «Фирдавсӣ ва ҷуғрофиёи Шоҳнома» баргузор гардид.
Дар оғози конфронс Муҳаммад Абдураҳмон корманди АМИҶТ дар мавриди «Шоҳнома» -номаи паҳлавонию ҷавонмардӣ суханрнӣ намуда , таъкид варзид, ки яке аз манотиқи вижае, ки Фирдавсӣ дар Шоҳнома овардааст, Фархор ватани Золи Зар аст.
Сипас Масъуд Миршоҳӣ роҳбари форсизабонони Фаронса зимни суханронии худ , аз либосҳо ва соири лавозимоти иҷтимоию фарҳангии мардумони ҳавзаи Шоҳнома таъкид варзиданд.
Устод Миршоҳӣ ҳамчунин дар суханронии худ дар мавзӯи Аз Пешдодиён то Каёниён (сакой ва сиистонӣ) баррасии додаҳои бостоншиносӣ ва ҳамсӯии онҳо бо “Авесто” ва “Шоҳнома” суханронии васеъ ва комил намуданд.
Қарор аст дар бахши таърихии конфррнс 16 суханронӣ аз тарафи донишмандони тоҷик ва хориҷӣ сурат бигирад.