Имруз 26 октябр дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» огоз гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Фурӯҳар Тоҳирӣ хабар медиҳад.
Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад.
Лозим ба ёдоварист ки дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия, Беларус, Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Покистон ва Туркия маҳсулоти худро муаррифӣ менамоянд.
Ҳамчунин дар намоишгоҳ маҳсулот ва намудҳои гуногуни хизматрасониҳои беҳтарин ширкатҳои ватани, ки ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар хориҷи кишвар машхур мебошанд, муаррифӣ мегардад. Дар намоишгох зиёда аз 50 ширкатхои ватаниву хоричи иштирок намуданд.
Кобили зикр аст ки дар намоишгоҳ намояндагони тиҷоратӣ имконият доранд, ки шарикони нав пайдо созанд.
Ҳамзамон сокинон метавонанд аз ин намоишгоҳ молҳои истеъмолии ҷумҳуриро бо нархҳои мувофиқ дастрас намоянд.
Хадаф аз багузории намоишгоҳ ин намоиши дастовардхо дар самтҳои мухталифи истехсоли , муаррифии молу хизматрасонихои нав бо мақсади густариши фаьолияти иктисодии хоричии ширкатхои ватани , чалби сармоягузорон ба кишвар, хамчунин бунёди корхонахои нав дар каламрави кишвар аз чумла, дар заминаи минтакахои озоди иктисоди мебошад.