Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арзёбӣ намудани масьалаҳои стратегии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мизи гирд дар мавзуи “Омилҳои боздорандаи рушди комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Фарзона Сафарзода хабар медиҳад.
Дар мизи гирд як қатор намояндагон аз вазорату идораҳои дахлдор аз ҷумла Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои масъули кишвар ширкат варзида, дар мавзуъҳои гуногун суханронӣ карданд.
Дар сухани ифтитоҳӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддиин доир ба аҳаммияти баррасии мавзуи мазкур ишора намуда, пайгирии онро дар оянда яке аз самтҳои муҳимми чунин ҳамоишҳо унвон кард.
Дар ҳамоиши мазкур ҷанбаҳои асосии рушди комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Таҳлили нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ва институтсионалии рушди рушди комплекси агросаноатии Тоҷикистон, “Ҳадафҳо ва омилҳои таъсиррасон ба рушди рушди комплекси агросаноатии Тоҷикистон Тоҷикистон дар шароити номуайянии вазъи ҷаҳони муосир”, “Самтҳои асосии рушди комплекси агросаноатии Тоҷикистон ва “ Омилҳои боздорандаи рушди саноати хурокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди барасӣ ва арзёбӣ қарор гирифт.