Имрӯз, дар бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ,»Маҳфили хирадманд» бахшида ба солрӯзи шоири маъруфи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ устод Бозор Собир баргузор гардид. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» хабар медиҳад.
Дар кушодашавии маҳфил ректори ДМТ Қобилҷон Хушвақтзода доир ба ҳаёту фаъолияти эҷодии шоир суханронӣ намуда, ҳаёти эҷодии шоирро намунаи волои шоирӣ ва вориси барҷастаи шоирони классики тоҷик унвон намуд. Зикр гардид, ки Бозор Собир ҳеҷгоҳ ба муғлақбаёнӣ роҳ намедод ва ӯ ҳамеша ба воқеъиятбаёнӣ пардохта аст.
Ректори ДМТ дар поёни сухан эълон намуд, ки минбаъд бо қарори шӯрои илмӣ ва роҳбарият ДМТ ҳамасола рӯзи 20 ноябр ҳамчун Рӯзи шеъри Бозор Собир таҷлил карда мешавад.
Сипас Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ бо сурудан чанде аз эҷодиёти шоири зиндаёд Бозор Собир хотири иштирокдоронро шод намуданд.
Маҳфили хирадманд бо замзама ва ёде аз рӯзгори устод Бозор Собир идома ёфт.