Имрӯз, дар толори бузурги Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии шоири маъруфи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ устод Бозор Собир ҳамоиш баргузор мегардад. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.
Дар ин ҳамоиш нависандагону шоирон, ҳунармандон, пайвандон ва ҳаводорони осори шоир иштирок хоҳанд кард.