Имрӯз, 20 — уми ноябр дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 8 бахшида ба 85-солагии шоири маъруфи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ устод Бозор Собир маҳфил таҳти унвони «Шоиру шеъре агар ҳаст» баргузор гардид. Дар ҳамоиш Дилбар Одилзода муовини раиси шаҳри Душанбе, Низом Қосим раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва нависандагону шоирон, ҳунармандон, пайвандон ва ҳаводорони осори шоир иштирок намуданд.
Зимни баромади худ муовини раиси шаҳр зикр намуд, ки шодравон Бозор Собир бо як шаклу услуби хос вориди ҳавзаи адабиёти тоҷику форс шуда, ҷаҳони адабиёти ин ҳавзаро маҷзуби хеш сохтааст. Дар идома Дилбар Одилзода зикр намуд, ки тибқи қарори Раиси ш. Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 20 ноябри соли 2023 таҳти рақами 836 МТМУ Рақами 8-и ш. Душанбе ба номи шоири зиндаёд Бозор Собир номгузори гардид.
Ҳамчунин иштирокдорони маҳфил аз осору эҷодиёт ва дилгуфтаҳои шоири зиндаёд устод Бозор Собир суханронӣ карда, эҷодиёти ба мерос мондаи эшонро манбаъи илҳоми имрӯзу фарорӯзи ояндагон талаққӣ карданд.