Имрӯз дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо намояндагони Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Корея сурат гирифт.
Дар аснои мулоқот маросими баимзорасонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба маблағҳои қарзии Фонди Рушди Ҳамкориҳои Иқтисодӣ баргузор гардид.
Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Квон Донг Сок ба имзо расониданд.
Санади мазкур имкон медиҳад, ки аз ҳисоби Фонди Рушди Ҳамкориҳои Иқтисодӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузории давлатии соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ қарзҳои имтиёзнок ҷалб карда шавад.
Дар заминаи созишномаи мазкур, инчунин созишномаҳои молиявии алоҳида барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ ба имзо расонида мешаванд.
Маблағҳои ҷалбшаванда барои ҳар як лоиҳае, ки дар доираи созишномаи болозикр ба имзо расонида мешавад қарзӣ буда, дорои имтиёзнокии баланд ва ба санадҳои стратегии самти идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқ мебошад.
Лоиҳаҳо бо назардошти афзалият ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, дастгирии воситаҳои зиндагӣ, муҳайё сохтани шароити зисти аҳолӣ дар маҳалҳо, бахусус тавассути ташкили инфрасохтори иҷтимоӣ барои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, обтаъминкунӣ ва ғайра равона карда мешавад.