Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Корвони итилоотии журналистон ба шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзуъи «Душанбе қалби Тоҷикистон» баргузор гардид. Чорабинии мазукрро муовини Раиси шаҳр Одилзода Дилбар Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшид. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Фарзона Сафарзода хабар медиҳад.
Дар мизи мудавар як қатор меҳмонон аз ҷумла журналистони шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ, Вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ, инчунин роҳбарияти иттифоқи журналистони Тоҷикистон ширкат варзида, дар мавзуъҳои «Душанбе маркази ташаббусҳои бузург», «Душанбе маркази бузурги илму маърифат» ва «Душанбе аз нигохи шоирон» суханронӣ карданд.
Бояд гуфт,ки корвони итилоотии журналистони ба шаҳри Душанбе се рӯз давом хохад кард.