Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо соҳибкорону истеҳсолкунандагони Эрон, ки дар Намоишгоҳи молу маҳсулоти эронӣ дар Душанбе дар охири моҳи декабри соли ҷорӣ ширкат меварзанд, мулоқот намуд.
Зимни суханронии худ роҳбари намояндагии дипломатӣ ба ҳозирин оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии дуҷониба, фазои сармоягузорӣ, зарфиятҳои истеҳсолӣ ва захираҳои бузурги табиии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуда, онҳоро барои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон даъват намуд.