Маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ыараён дорад. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик” Ҳадятуллои Амриддин хабар медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар даври ниҳоии озмун, ки аз 24 то 28 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуд, 115 довталаб аз тамоми минтақаҳои мамлакат иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории озмун арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон давоми таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик мебошад.