Дар идомаи сафари корӣ ба минтақаи баҳри Эге сафир Ашрафҷон Гулов бо волии вилояти Айдин Якуп Ҷанболат мулоқот анҷом дод.
Зимни он ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз қабили рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ба роҳ мондани тамосҳои мустақим байни минтақаҳо ва тақвияти ҳамкориҳо миёни донишгоҳҳои Тоҷикистону Туркияро мавриди баррасӣ қарор доданд.